РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Резервати биосферии “Ромит” беш аз 1000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуд

3 феврали соли 2024 дар экосистемаҳои Резервати биосферии “Ромит” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 1000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Дар ин бора аз умитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳифзу нигоҳдории ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, бахусус ҳолати табиии экосистемаҳои хос, муҳити сукунати олами ҳайвоноти нодир ва пешгирии таназзулёбии экосистемаҳои табиӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим бевосита иштирок намуданд.

Инчунин, кормандони Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и Кумита, мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳал дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок карда, дар беҳдошти муҳити зисти ин гӯшаи табиати зебоманзари кишвари азизамон саҳми худро гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки навниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии шинонидашуда, аз ҷумла навъи санавбар, айлан, туйка ва олучаи даштӣ хоси иқлими мавзеи мазкур буда, бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуданд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди Резервати биосферии “Ромит” аз паваришгоҳи кабк дидан намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати мунтазам амалӣ намудани чорабиниҳои биотехникӣ ва бо ин васила аз талафот эмин нигоҳ доштани олами ҳайвоноту парандагони нодир дар давраи сардии зимистон дастурҳои мушаххас доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram