6 феврали соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу маориф ва ғайра иброз доштанд.