РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Артур Ван Дизен мулоқот кард

6-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур Ван Дизен доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта аз таърихи ҳамкориҳои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. Ҳамзамон ҳамкориҳои вазорат бо ин ниҳод дар самти маориф ва илм дар чаҳорчўби созишномаҳо ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни соҳа корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, муҳити бехатар дар шароити омӯзиш, таҳсилоти босифат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, ҷалб ва омӯзиши мутахассисони самти илмҳои техникӣ ва инноватсионӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, таъмини базаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram