РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо директори Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист мулоқот кард

11 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист хонум Ингер Андерсон баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрии мазкур масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои муҳими имрӯзаро баррасӣ намуданд. Инчунин, раиси Кумита ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва санаи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, инчунин дар чорчӯби Созмони Милал таъсис додани “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” диққат ҷалб намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкориҳои густурда дар самтҳои ҳифзи муҳити зист доир шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд. Дар хотимаи вохӯри Шерализода Баҳодур хонум Ингер Андерсонро ба Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душабе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram