Дар ҳошияи аҳаммият ва зарурат амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ибтидо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода баргузории ҳамоиши мазкурро аҳаммиятнок арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки н қонун яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатокии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии мардум нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи шаҳрвандони мамлакат дар руҳияи ватандӯстӣ аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.Дар идомаи чорабинӣ муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода атрофи масъалаҳои мубрами заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стретегӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ибрози назар намуда, зикр карданд, ки самти муайянкунандаи ҳамоҳангии фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ, такмил додани шуури ҳуқуқӣ тавассути тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба ҷавонон мебошад. “Вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ” унвони суханронии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ буд, ки аз шунидани он иштирокчиёни ҳамоиш бардоштҳои зиёд намуданд.Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода мавзӯи “Ситоиши ватан дар адабиёти тоҷик”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дарки аҳаммияти ватандӯстиро барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.Зимни муҳокимаи маърузаҳои ироагардида масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.БАХТИЁР Раҳмониён, Радиои Фарҳанг