РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Душанбе асарҳои рассом Анваршо Сайфудинов ба намоиш гузошта шуд

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов таҳти унвони «Нигоҳи пурасроре ба гетӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиши мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Корея, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Покистон, аъзои оилаи Анваршо Сайфудинов, адибону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Анваршо Сайфудинов аз рӯи техникаҳои гуногуни мусаввирӣ, наққошӣ, кундал, мозайка ва дигар навъи техникаҳо кору эҷод менамояд. Номбурда иштирокчии намоишҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, силсилаи намоишҳои шахсии рассом хеле зиёданд. Эҷодиёти рассом дар осорхонаҳо, коллексияҳои шахсии Тоҷикистон, Русия ва Аврупо мавҷуд мебошанд.

Анваршо Сайфудинов байни дигар рассомон мақому ҷойгоҳи хоси худро дошта, устоди садҳо шогирд ба шумор меравад. Барои пайдо намудани сабки хоса рассом солҳои 1990-2000-ум ба офаридаи силсилаи композитсияҳои беашё оғоз намуд, ки он яке аз сабкҳои навоваронаи эътирофшуда дар санъати тасвирии муосири тоҷик мебошад.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки эҷодиёти рассом эҳсосот ва тахайюлоти бою рангин бо ҳисси хело нишонрасу таъсирбахш бинандаро ба ваҷд меорад.

Анваршо Сайфудинов то имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани низоми таълимии соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин лоиҳаҳои рушди соҳа хизматҳои арзанда менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram