РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳайат кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар ифтитоҳи маҳфил директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо роҷеъ ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва нақши он дар адабиёти оламшумули халқи тоҷик суханронӣ намуд. Ҳамзамон, иброз гардид, ки яке аз иқдомҳои шоиста ва наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар рӯйи кор омад ин аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур дода шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар давоми маҳфил аз ҷониби ходимони илмии Осорхонаи миллӣ бо як маҳорати баланд аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ достонҳо қироат карда шуд.

Дар охири маҳфил роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳама иштирокчиёнро ба омӯзишу тарғиби ин шоҳасари ниёгон ҷалб намуда, иброз доштанд, ки ба ифтихори ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ ҳар охири моҳ маҳфили илмӣ-фарҳангии “Шоҳномахонӣ” дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram