РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корҳои лоиҳакашии роҳи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ оғоз гардид

13-уми феврали соли 2024 дар ноҳияи Айнӣ корҳои лоиҳакашии роҳи Айнӣ — Куҳистони Мастчоҳ оғоз гардид. Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо харитаи роҳ ошно шуда, пешниҳоди мутахассисонро вобаста ба таҷдид ва азнавсозии роҳ шуниданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Раиси ноҳия зимни оғози корҳои лоиҳакашӣ чунин гуфт: -Лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, ки 80 километрро дар бар мегирад лоиҳакашии дақиқро талаб мекунад ва он бояд бо стандартҳои замони муосир пурра ҷавобгӯ бошад. Зеро, дар ҳудуди он аҳолӣ истиқомат мекунад ва хонаҳои онҳо хеле ба роҳ наздик аст. Муқим Муродзода ҳамчунин қайд кард, ки оғози корҳои лоиҳакашӣ дар ин роҳ, ки мардуми куҳистон онро дер боз интизор буданд боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди роҳҳои замонавии нақлиётӣ дар минтақаи болооби Зарафшон аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ аз тариқи роҳи муосиру замонавӣ таъмин ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram