14 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Олмон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.