РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо кинорежиссёри маъруфи тоҷик Бақо Содиқов вохӯрӣ баргузор шуд

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии эҷодӣ бо кинорежиссёри маъруфи тоҷик, муаллиф ва коргардони филмҳои  машҳури “Имом ал-Бухорӣ”, “Бухорои шариф”, “Адонис-14”   Бақо Содиқов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок доштанд. Дар ин бора ҳамкорамон Лутфия Қурбонова хабар дод.

Баъди пазироии филмбардори маъруфи тоҷик Бақо Содиқов доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ оид ба фаъолияти ин ҳунарманд суханронӣ карда, нақши ӯро дар рушди кинои тоҷик назаррас донист.

Сипас, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли фарҳангу ҳунар оиди филмномаҳо ва ҳамкориҳо бо актерони тоҷик (бо намоиши порчаҳо аз филмҳои муаллиф) бо кинорежиссер Бақо Содиқов суҳбат карданд. Ҳамчунин, дар бораи рушди ҳунари синамо дар Тоҷикистон миёни меҳмон ва иштирокдорони вохӯрӣ музокирот доир шуд.

Мавриди ёдоварист, ки Бақо Содиқов факултаи режиссёрии Донишкадаи театриву-мусаввирии Тошкандро хатм кардааст (1967) ва курсҳои олии сенаристон ва коргардони синамои Москваро (1978) хатм намудааст. Аз соли 1961 ба киностудияи «Узбеккфилм» дохил гардида дар нақши асосии филми «Панҷ нафар аз Фарғона» иштирок намудааст.

Аз соли 1967 то 1993 дар «Тоҷикфилм» ба ҳайси коргардони синамо кор кардааст. Филмҳои таҳия намудаи ӯ:Гирдбод, Бухорои Шариф, Ҷосус, Ҷазира ва диг. Филмҳои ба навор гирифтаи Бақо Содиқов соҳиби ҷоизаҳои умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram