Баъди анҷоми сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ, нимаи дуюми 15 феврали соли равон дар деҳаи Вамди Ҷамоати деҳоти Н. Додихудоев ноҳияи Рӯшон толори варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худоберди, инчунин хурду бузурги деҳа иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки толори мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём вобаста интихоби тарзи ҳаёти солим ироа гардида буданд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сокинони деҳа бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта гардид.
Он барои 80 ҷой пешбинӣ гардида, дар ин ҷо варзишгарон аз рӯйи се намуди варзиш — гӯштин, тенис ва баскетбол тамрин менамоянд.
Раиси вилоят дар толори мазкур ва варзишкорони навраси деҳа суҳбат доир карда, ба онҳо дар истифодаи мақсадноки толори варзишӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худоберди сокинони деҳаро бо ифтитоҳи толори барҳавои варзишӣ табрик гуфта, аз корҳои созандагию бунёдкориҳо, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят рӯйи кор омаданд, ёдоварӣ карданд.
Дар зимн, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои толори варзишӣ асбобҳои варзишӣ тақдим гардиданд.