РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳоро дар самти сайёҳӣ рушд медиҳанд

15 феврали соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон вобаста ба имкониятҳои сайёҳии тарафайн ва рушду ҳамкориҳо дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъкид намуданд, ки имрӯз шумораи саёҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд ба маротиб зиёд гардидааст, ки ин аз сиёсати созанда ва бобароронаи роҳбарияти олии ду кишвар шаҳодат медиҳад.

Инчунин, роҳбарияти Кумита, вобаста ба имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳи пешбинӣ шудааст, ба самъи Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон расониданд ва қайд намуданд, ки мо барои ҳамкориҳои самарабахш ва дустона дар соҳаи сайёҳӣ ҳамеша омодаем.

Ҷониби Эрон низ бо арзи адаб ва хушхолӣ пешниҳодҳоро қабул намуда, қайд намуданд , ки мо низ дар баробари ин барои боз ҳам ҷоннок намудани ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон аз Эрон ба Тоҷикистон ҷаҳду талоши худро ба роҳ мемонем.

​Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram