РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазъи хизматрасонӣ дар соҳаи стоматология баррасӣ шуд

Вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонӣ дар соҳаи стоматология 16-уми феврали соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва кормандони марказҳои стоматологии мамлакат ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Зимни ҷаласаи мазкур масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вирусҳои гепатитӣ (В, С) ва ВНМО дар соҳаи стоматология мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз 1 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, оид ба баланд бардоштани масъулияти касбии кормандони тиб, аз он ҷумла ба табиб-стоматологон ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ зимни хизматрасонӣ ба беморон махсус қайд карда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram