19 феврали соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло Сафири навтаъйини Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон Николаас Схермерсро қабул кард. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Нидерланд мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои об, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг табодули назар карданд.