РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз институти мазкур хабар доданд.

Дар ҷамъомад мавқеъ ва нақши забони модарӣ-тоҷикӣ дар пойдории давлатдории миллӣ муҳим ва аввалиндараҷа ҳисобида шуд.

Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ дар байни забонҳои ҷаҳон яке аз бойтарин, ғанитарин, ширинтарину гуворотарин забон ба шумор меравад.

Иштирокдорони ҳамоиш  ҳамзамон доир ба забони «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва пойдор нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон шудааст.

Ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо буда, ҳамзамон ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама барои наздикшавию ҳамкории мутақобилаи миллатҳои гуногун мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram