РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Санкт-Петербург операи миллии «Комде ва Мадан» намоиш дода мешавад

Шӯрои бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣасареро муайян кард, ки он дар рафти сафари дарпешистода ба тамошобинони рус пешкаш карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки аз рӯи натиҷаҳои шартномаҳои дар аввали мавсим имзошуда байни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва театри мусиқии «Санктъ-Петербургъ Опера» ин театр ҳоло ба омодагии намоишнома дар пойтахти шимолии Русия шурӯъ кардааст. Шаҳри дар соҳили Нева дар моҳи май ҳайати вакилони Тоҷикистонро қабул хоҳад кард. Ин сафари эҷодии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар чанд соли охир аввалин мебошад.

Операи «Комде ва Мадан» ҷавҳари репертуари ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ аст, ки дар бораи ду одами боистеъдоди эҷодӣ, ки барои бахту саодати худ мубориза мебаранд. Дар саҳна тамоми коллективҳои театр: хор, труппаи балет, миманс — як қисми намоиши бошукӯҳ, асари беҳамто, ки дар бораи кувваи муҳаббат, далерӣ ва худшиносӣ мебошад нишон медиҳанд. Арзишҳои ҷовидона, ки дар мусиқии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ ва нақшҳои равшан, ки аз қалами Мирзо Абдулқодири Бедил ба ҳамзамонони мо фазои наздик ба вуҷуд меоранд, барҷаста эҳё шудаанд. Опера бо тафсири нави саррежиссёри театр Сӯҳроб Усмонов намоиш дода мешавад.

Бояд гуфт, ки имсол 120-умин солгарди зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ таҷлил мешавад. Аз ин рӯ рамзӣ аст, ки эҷодиёти ҷовидонаи ӯро, ки саршор аз табъи миллӣ аст, пешкаши аҳли ҷомеаи хориҷӣ кунем. Дар барномаи буду боши мо дар Санкт-Петербург гала-консерт бо иштироки солистони опера ва балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ низ пешбинӣ шудааст, ки асарҳои классикони ватанӣ, рус ва аврупоиро иҷро мекунанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram