РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Маркази миллии тестӣ хидматрасонии “Пешномнависӣ” фаъол мешавад

Чанд cол мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади қаблан номнавис шудани довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар хидматрасонии “Пешномнависӣ”-ро ба роҳ мондааст.

Тавре аз Марказ хабар доданд, хизматрасонии мазкур имсол низ аз 24-уми феврал дар сомонаи Марказ фаъол мегардад, ки довталабон ба воситаи он метавонанд худро тибқи талаботи пешбинигардида аз тариқи онлайн пешакӣ ба қайд гиранд (пешномнависӣ кунанд).

Бояд гуфт, ки пешномнависиро тавассути шабакаи Интернет Марказ барои осон кардани раванди бақайдгирии довталабон ва сарфа кардани вақти онҳо пешбинӣ намудааст. Довталабро лозим аст, ки баъди номнавис шудан тавассути ин хидматрасонӣ барои расман аз қайд гузаштан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Пешномнависӣ” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, довталаб метавонад дастрас намояд.

Хотиррасон мекунем, ки давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024 аз 1-уми март оғоз мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram