РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот анҷом дод

Дирӯз дар шаҳри Боку дар доираи иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  бо  Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Иброз градид, ки равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркия метавонад дар раванди рушди ҳамкории дуҷониба саҳми назаррас дошта бошад.

Дар ин росто, ба тавсеаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду давлат изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram