РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз кулли сокинони шарафманди кишвар 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва дарки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободиву пешрафти мамлакат, ҳанӯз аз давраҳои нахустини соҳибихтиёрӣ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таъсис дода шуд.
Дар марҳалаи ҳассоси давлатдорӣ ба дӯши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо вазифаҳое гузошта шуданд, ки тақдири миллат ва давлат, истиқлолу соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз ҳалли онҳо вобастагӣ дошт.
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони мо дар як давраи кутоҳи таърихӣ ба неруи боиқтидори низомӣ, муҳофизи сулҳу оромӣ ва фазои осудаи мамлакат табдил ёфта, ба Ватан ва мардуми худ содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки Артиши миллии мо дар як давраи начандон тулонӣ озмоишҳои сахту сангинро пушти сар намуда, имрӯз ба як сохтори воқеан боэътимод, мутаҳиду бонизоми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои барои давлату миллат бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистанд, садоқати худро ба Ватан, миллат ва Сарвари давлат собит созад.
Имрӯзҳо, дар шароити зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир, иҷрои вазифаҳои басо муҳими милливу давлатие, ки дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи қавӣ, зиракии сиёсӣ ва садоқату муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанро тақозо менамояд.
Хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.
Моро зарур аст, ки таваҷҷуҳи доимиро ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат дар қалбу зеҳни ҷавонону наврасони имрӯза равона намоем.
Мардуми тоҷик ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва афсарону сарбозони шуҷои худ эътимод комил дорад.
Итминон дорем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии давлат, сулҳу амнияти мамлакат ва фазои осоишта зиндагии мардуми кишварро содиқона ҳифз менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои пуршараф кулли ҳамватанон, сокинони пойтахт ва тамоми хизматчиёни ҳарбии кишварро ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом ва ба Ватани маҳбубамон ояндаи дурахшонро таманно дорам.
Ид муборак, ҳомиёни ҷасури Ватан!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram