26 — уми феврали соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода миссияи Бонки Осиёии Рушд (БОР)-ро дар ҳайати директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Осиёи шарқӣ Софи Шакил, сармутахассиси бахши иҷтимоӣ Шин Лонг, сардори шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои БОР дар Тоҷикистон Родора Консепсион ва дигарон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот Гулнора Ҳасанзода миннатдории худро ба Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, ки аз соли 2021 амалӣ шуда истодааст, баён дошта, қайд намуд, ки вазорат ҳамчун иҷрокунандаи лоиҳа барои саривақт ва самаранок татбиқ намудани фаъолияти гурӯҳи идоракунии лоиҳа пайваста саҳмгузор мебошад.
Вазир оид ба корҳои анҷомдодашудаи сохтмони марказҳои муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ, муҷҷаҳазгардонӣ ва чораҳои пешбинишуда, инчунин раванди корҳои сохтмонии марказҳои рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун, ки бояд дар семоҳаи аввали соли 2024 ба истифода дода шаванд, маълумот дод.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур дар асоси методологияи инноватсионии таълимӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор стандартҳои салоҳият, нақшаҳои таълимии модулӣ ва барномаҳои таълимиро аз рӯйи 18 касб таҳия ва тасдиқ намудааст, ки дар марказҳои таъсисшаванда барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва имкониятҳои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бахусус ҷавонон, занон ва муҳоҷирон истифода хоҳанд шуд.
Қайд карда шуд, ки таъсиси чунин марказҳо барои ҷорӣ намудани ҳассосияти гендерӣ дар раванди таълим, зиёд намудани шумораи занону духтарон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтан, бо ҷойи кор таъмин намудан ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо, мусоидат менамояд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи мазкурро қаноатбахши ҳисобида, оид ба ҳамкориҳои минбаъда табодули назар карданд.