РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо иштирок кард

26 феврали соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар маросими расмии ифтитоҳи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқизода З. А. аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мизбони Конфронс — Амороти Муттаҳидаи Араб миннатдорӣ баён карда, вобаста ба дастовардҳои кишвар дар давраи узвият дар созмон, мавқеи кишвар оид ба вазъи тиҷорати глобалӣ, бахусус ислоҳот дар СУС ва такмили низоми савдои бисёрҷониба қайд намуд.

Аз ҷумла дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои 2013-2023, дар давраи узвияти кишвар дар СУС, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар сатҳи 7,2 фоиз таъмин намуда, шумораи шарикони тиҷоратиро то ба 120 кишвар афзоиш дод.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.

Вазирони кишварҳо асосан масъалаҳоро марбут ба ислоҳоти СУС ва ҳалли баҳсҳо, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, субсидияи моҳидорӣ, савдо ва устувории муҳити зист, тасдиқи Созишнома оид ба содагардонии сармоягузорӣ барои рушд ва Барномаи кории созмон оид ба тиҷорати электронӣ мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор доданд.

Ҳамзамон дар Конфронси мазкур масъалаи шомилшавии кишварҳо ба СУС баррасӣ шуда, Протоколи пайвастани давлатҳои Коморос ва Тимор-Лесте қабул карда шуд, ки баъди гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ онҳо расман аъзои СУС мегарданд ва дар натиҷа шумораи кишварҳои аъзои СУС аз 164 то ба 166 давлат зиёд мешавад.

Дар Конфронс Валиаҳди Абу Дабӣ, Раиси Шурои иҷроияи Абу Дабӣ, Волоҳазрат Шайх Холид бин Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён, вазирони кишварҳои аъзо, роҳбарияти СУС ва намояндагони давлатҳои нозир, инчунин ташкилотҳои байналмилалии иқтисодию молиявии муқими Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд.

Қайд бояд кард, ки Конфронси вазирони кишварҳои аъзои СУС мақоми олии роҳбарикунанда буда, қарорҳои муҳими марбут ба савдои ҷаҳониро баррасӣ ва қабул мекунад, инчунин тибқи муқаррароти СУС ин чорабинӣ дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.

Дар охири чорабинӣ бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва густариши низоми савдои бисёрҷониба якчанд ташаббус ва эъломияҳои муштараки ҷаҳонӣ қабул карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram