РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Ёвари Дабири кулли СММ, директори бюрои минтақавии БРСММ барои Аврупо ва кишварҳои ИДМ мулоқот кард

26-уми феврали соли 2024-ум вохӯрии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Ивана Живкович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои намояндагии он дар Тоҷикистон, алалхусус Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуданд. Ба саҳми ҳозирин маълумот дар бораи амалишавии лоиҳаҳои муштарак — «Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» расонда шуда, амалигардонии иқдомҳои минбаъдаи муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram