РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти пурзӯр намудани чораҳои маърифативу идеологӣ ҷаласа доир гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти пурзӯр намудани чораҳои маърифативу идеологӣ, имрӯз таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бо иштироки роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идеологӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба татбиқи ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандўстии шањрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуда, гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳрӣ таъсис ва ҷиҳати татбиқи нақшаҳои болозикр дастуру супоришҳо гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram