РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон Баҳодур Шарифӣ дар нахустин Конфронси муштараки илмию амалии TRENDS-IICD иштирок кард

26 феврали соли 2024 дар шаҳри Абу Забӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Баҳодур Шарифӣ дар нахустин Конфронси муштараки илмию амалии Маркази пажуҳиш ва мушовара (TRENDS) ва Институти байналмилалӣ оид ба дипломатияи фарҳангӣ (IICD) дар мавзуи “Дипломатияи муосир дар даврони ҷаҳонишавӣ: дурнамо ва пайомадҳои нави ҳамкорӣ байни Амороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Б. Шарифӣ дар мавзуи “Нақши дипломатия дар ҷаҳони бо ҳам алоқаманд ва рақобатпазир: чолишҳо ва имкониятҳо” маърӯза ироа намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин ташаббусҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва сулҳу амният ҷалб намуд.

Ҳамчунин сафир дар Мизи мудаввари роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ширкат варзида, аҳамияти истифодаи имконоти фаровони сармоягузорӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар бахшҳои гидроэнергетика, энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ, саноати маъдани куҳӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва илму фарҳангро ҳамчун равиши муносиб баҳри тақвияти бештари ҳамкории мутақобила таъкид кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram