28 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо фиристодаи махсуси Португалия Педру Мойтиню де Алмейда баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкории байни давлатҳоро дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.