РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо гурӯҳи адибон вохӯрӣ кард

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо гурӯҳи адибони мамлакат доир гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Вазири фарҳанг иброз дошт, ки «ҳадаф аз доир намудани мулоқот, пеш аз ҳама, баррасии масоили ҷойдошта, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни вазорат бо эҷодкорон мебошад. Яке аз омилҳои тақвияти ҳамкорӣ ҳавасмандсозии эҷодкорон тавассути пардохти ҳаққи қалами муносиб ба муаллифон мебошад».

Матлубахон Сатториён гуфт, ки бо ин мақсад дар вазорат нархномаи мавҷудаи ҳаққи қалам бознигарӣ шуда, дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли 2024 ҷудошуда андозаи подошҳо зиёд шудааст ва таъкид намуд, ки бо назардошти вазъи воқеии бозор солҳои оянда низ масъалаи пардохти ҳаққи қалам ба муаллифон таҷдиди назар мешавад.

Иброз гардид, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ омода аст ҷиҳати ҳавасмандии бештари адибон шеърҳо ва асарҳои пурмазмунро барои ворид намудан ба барномаҳои фарҳангии соли 2024 пешакӣ харидорӣ намояд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз қабили мусоидат ба рушду нумуи фазои фарҳангии мамлакат,  эҷоди асарҳои ҷолиб барои бачаҳо, ҳаҷв дар адабиёт ва матбуоти муосир, тарбияи завқи зебоипарастӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии онҳо, ташкили гурӯҳи кории доимамалкунанда барои амалӣ намудани робитаи доимии эҷодӣ байни вазорат ва иттиҳодияҳои эҷодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи табъу нашри китоб, ҳамкорӣ бо адибон, оҳангсозону овозхонон дар самти интихоби матнҳои пурмазмуну арзишманд, эҷоди оҳангҳои муносиб ба онҳо ва масоили дигари фарҳангӣ мавриди баррасии Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва гурӯҳи адибон қарор гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram