Соли 2024 барои қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 629 000 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» моҳи апрел-майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм моҳҳои июн-июли соли 2024 дар маркази вилоят гузаронида мешавад. Озмун аз руи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, коллеҷи санъат, коллеҷи рассомӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳоии ҳунарии назди шуъбаву бахшҳои фарҳанг ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд, гузаронида хоҳад шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
Суғд. Барои озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 629 000 сомонӣ ҷудо гардид
