РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб 3 муассисаи замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд

Соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармоягузории хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муассисаи нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо тамоми шароити замонавӣ сохта мешаванд.

Бунёди муассисаи таълимии шакли нав барои 624 хонанда иборат аз 26 синфхонаи таълимӣ дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо маблағгузории хориҷӣ, муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи Абдушукуроваи шаҳри Кӯлоб барои 1200 хонанда иборат аз 42 синфхонаи таълимӣ бо маблағгузории Бонки Исломии рушд ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар назар аст.

Изҳор гардид, ки соли 2024 дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳр, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 – и Ҷамоати деҳоти Зарбдор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 – и Ҷамоати деҳоти Зарбдор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 – и шаҳр, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Пистамазори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 – и Ҷамоати деҳоти шаҳри Кӯлоб бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва сармояи хориҷӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram