РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Ҷидда мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Ҷидда мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сироҷиддин Муҳриддин  ва шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкории дуҷониба аз ҳама зарфият ва механизмҳои мавҷуда истифода намуда, давоми соли 2024 барои гузаронидани якчанд чорабинӣ ва ҳамоишҳои муштарак иқдом менамоянд.

Инчунин роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи буҳронӣ дар Фаластин табодули назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram