РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Бонки исломии рушд барои иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе даъват шуд

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Бонки исломии рушд (БИР) доктор Муҳаммад Ал-Ҷосир мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рушди зерсохтор, тандурустӣ, энергетика, маориф, амнияти ғизоӣ ва дастгирии бахши хусусӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба Президенти Бонки исломии рушд ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram