РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Дар корхонаи «Оби зулол» хати нави истеҳсолӣ ба кор андохта шуд

Дар корхонаи маъруфи «Оби зулол» хати нави истеҳсолӣ фаъол шуд. Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат хати нави истеҳсолӣ ба кор андохта шуд.

Таҷҳизоти замонавии истеҳсоли ғизо барои кӯдакон, афшура, мураббо ва смузи аз Италия ворид гардида, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шуд.

Маҳсулот тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар зарфҳои шишагин банду баст гардида, ба фурӯш бароварда мешавад.

Бояд қайд кард, ки корхонаи «Оби зулол» аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии мамлакат аст ва обҳои нӯшокии он аз ҷумлаи серхаридортарин нӯшокиҳо аст. Обҳои дар ин корхона истеҳсолшаванда ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Раиси вилоят фаъолсозии боз як хати истеҳсолиро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ муҳим арзёбӣ карда, ҷиҳати дар оянда зиёд намудани содироти маҳсулот тавсияҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram