РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад

Даҳаи сеюми моҳи марти соли равон Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои миллат доир хоҳад шуд.

Беҳтарин иштирокчиёни фестивал бо диплому мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардидаст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram