РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад

Дирӯз Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон – Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар зимн иброз шуд, ки бо шарофати сиёсати дарҳои боз эълон кардаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 32 соли соҳибистқлолӣ кишвари мо тавонист бо 174 кишвари олам ва зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Аз он ҷумла таъкид гардид, ки бароямон боиси ифтихору сарфарозӣ ҳаст, ки бо ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш созишномаҳои аллакай ба имзорасида дорем.

Дар поёни сухан Зулфиқор Гулаҳмадзода дарҷ намуд, ки мо имсол Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Эронро мехоҳем дар Тоҷикистон баргузор намоем ва ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эронро барои меҳмондорӣ ва иштирок дар Форуми мазкур даъват менамоем.

Сараввал ҷаноби Сафир ҷиҳати пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо омодаем то ҷавонони Эрон барои анҷом додани сафари омӯзишӣ ба кишвари Шумо сафар намоянд.

Ҳамзамон ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои созишномаҳои сифатан навро дар доираи варзиши футбол, гуштини миллӣ ва намуди варзиши Зурхонаро иброз дошт. Зимнан таъкид дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон ва эҳёи дигар намуди варзишҳои анъанавии миллӣ ба роҳ монем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram