Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Дар кори намоиш донишмандону ҳунармандон ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо доир ба нақши Осорхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифзу омӯзиш ва муарифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ба фонди Осорхонаи миллӣ ба миқдори 431 адад ашёи гуногуни таърихию фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки онҳо дар намоиши имрӯза ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад мусаввара, як адад харитаи давлати Сомониён ва як адад либоси варзишӣ бо тӯб ва рамзи ФФТ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидааст. Дар намоиш намунаҳои гулдӯзӣ, сӯзанӣ, чакан, ҳунари мисгарӣ, сиккаҳо, мероси хаттӣ, мусаввараву кундал ва дигар намунаи ҳунарҳои мардуми тоҷик пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Хотирнишон месозем, ки намоиши рамзии “Аз Наврӯз то Наврӯз” то санаи 01.04.2024 идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ҳама дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ имкон доранд барои тамошои намоиши мазкур ба Осорхонаи миллӣ ташриф биёранд.