РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

НАВРӮЗ ДАР “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии ориёиён мебошад. Дар бораи ба таври расмӣ бунёд гузоштани ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо назару андешаҳо гуногун аст. Андешаи ягонае, ки тақрибан дар бештари сарчашмаҳои илмиву адабӣ дида мешавад, ин аст, ки Наврӯзро ба муносибати ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед бунёд гузоштаанд.
Дар бораи бунёд гузоштани ин ҷашн дар замони шоҳ Ҷамшед дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ чунин ишора шудааст:
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби “Осор-ул-боқия” ва Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ дар асари машҳури худ “Зайн-ул-ахбор” ин фарзияро тасдиқ мекунанд.
Муаллифи “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ ин фарзияро ҷонибдорӣ мекунад: “Наврӯз оғози соли порсист, ки дар рӯзи нахусти фарвардинмоҳ баробар бо 21 морси мелодӣ баргузор мешавад… Дар сабаби пайдоиши Наврӯз овардаанд, ки девон ба фармони Ҷамшед тахте бисохтанд ва онро бар дӯш гирифтанду аз Дамованд ба Бобил бурданд. Мардум аз дидани ӯ, ки чун хуршед бар тахти худ медурахшид, ба ҳайрат уфтоданд ва пиндоштанд, ки ӯ хуршед аст ва ба як рӯз ду хуршед дар осмон пайдо шуда. Ин амр дар нахустин рӯз аз моҳи фарвардин буд ва аз ин рӯ мардум бар гирди тахти ӯ ҷамъ шуданд ва ҳамагон гуфтанд, ин рӯзи нав аст ва Ҷамшед фармон дод, ин рӯзу панҷ рӯзи пас аз онро ҷашн гирифтанд”.
Ин ривоят дар “Луғатномаи Деҳхудо” низ тақрибан ба ҳамин маънӣ омадааст.
Бояд қайд намуд, ки таърихи пайдоиши Наврӯз ҳанӯз ба давраи офариниши олам рост меояд ва Фирдавсӣ низ дар оғози “Шоҳнома”, дар қисмати “Гуфтор андар офариниши офтоб” ишорае дорад:
Ба чандон фурӯғу ба чандон чароғ
Биёроста чун ба Наврӯз боғ.
Вожаи Наврӯз дар забони форсии бостон “navaka-raocah” (navaka-нав, raocah-рӯз) буда ва дар форсии миёна “nog roz” шудааст. Гоҳе дар шакли “нукруч” низ зикр шудааст, ки маънояш рӯзи нав аст.
Мақсади ҳамаи оину маросимҳои наврӯзӣ асосан комил кардани рӯҳу равони инсон аст, ва Наврӯз аз замони пайдоиши кайҳон ва олам то имрӯз, ҳатто дар замони бархӯрди тамаддунҳо, ки бузургтарин фарҳангу тамаддунҳоро нобуд карда истодааст, ин вазифаи худро нигоҳ доштааст. Дар заминаи комил кардани рӯҳу равони инсон Наврӯз маросимҳоеро аз қабили покиза нигоҳ доштани муҳити атроф, табиат, анҷом додани амалҳои неку шоиста, аз ҷумла, бахшидани гуноҳҳо, хайр кардан ва монанди инҳоро дар худ ниҳон дорад. “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз гунаи асарҳое мебошад, ки дар он ҷашни Наврӯз ба таври густардаву гуногунҷанбаъ тасвир ёфтааст ва онро намунаи маъхазҳои аввалияи таърихии ҷашни Наврӯз метавон гуфт. Наврӯз дар он ҷойгоҳи хоссаро соҳиб аст. Ҷашни Наврӯз дар “Шоҳнома” тақрибан сӣ маротиба ёд шудааст. Ҳамчунин дар шакли рӯзи нав низ чандин дафъа зикр ёфтааст. Аввалин маротиба дар “Шоҳнома” Наврӯз дар қисмати “Гуфтор андар офариниши офтоб” ёд шудааст.
Ба чандин фурӯғу ба чандин чароғ,
Биёроста чун ба Наврӯз боғ.
Дар даврони бостон ҳар оини некеро бо Наврӯз алоқаманд медонистаанд. Аз ҷумла, оинҳое монанди баробари Яздон муқаддас доштани Наврӯз, ба тахт нишастани шоҳ (агар шоҳ дар Наврӯз бар тахт менишастааст, фоли нек меҳисобиданд, ки аз замони шоҳ Ҷамшед анъана шудааст), бахту иқбол, таваллуди фарзанд, пирӯзӣ, таҳният, баробарии заминдорону дарвешон ва монанди инҳо.
Бузургии ҷашни Наврӯз дар даврони бостон ба ҳадде будааст, ки дар баробари Яздон ба номи Наврӯзу Меҳргон низ қасам ёд мекардаанд. Ин қисса дар “Шоҳнома” дар қисмати “Шевани Борбад бар Хусрав омадааст”:
Равони туро додгар ёр бод,
Сари бадсиголат нагунсор бод!
Ба Яздону номи ту, эй шаҳрёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам баҳор.
Дигар далоиле, ки муқадддас будани Наврӯзро собит мекард, он буд, ки Наврӯзро дар ки оташкадаҳо ҷашн мегирифтаанд. Тибқи “Шоҳнома”, маълум мегардад, ки барои ҳар як ҷашн дар оташкада толори алоҳида ҷудо намуда будаанд ва барои баргузории ҷашни Наврӯз низ толори алоҳидае ҷудо мешудааст.
Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.
Ҷойи дигар чунин омадааст:
Чу шуд сохта кори оташкада,
Ҳамон ҷойи Наврӯзу ҷашни Сада.
Дар он замон барои ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон на танҳо толор, балки кохҳо ва айвонҳои ҷудогона бунёд мекардаанд:
Ба дебо биёрост оташкада,
Ҳам айвони Наврӯзу кохи Сада.
Абулқосим Фирдавсӣ хомӯш шудани оташро дар оташкадаҳо баробарии тирагии ҷашнҳои Наврӯзу Сада меҳисобад. Дар даврони бостон, дар оташкадаҳо оташ ҳамеша фурӯзон буда хомӯш шудани он фоли бад ҳисобида мешудааст.
Ҳам оташ бимурдӣ ба оташкада,
Шудӣ тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Дигар аз оинҳои хуби наврӯзӣ он будааст, ки мардум Наврӯзро дар оташкадаҳо бо шаҳомату бузургии хосси худ ҷашн мегирифтаанд, яъне ҷашни Наврӯз барои онҳо танҳо як ҷашни муқаррарӣ набуда, шукӯҳи хоссае доштааст:
Ниҳод андар он марз оташкада,
Бузургиву Наврӯзу ҷашни Сада.
Агар фарзанд дар Наврӯз ба дунё меомад, инро фоли нек мешумориданд. Ба андешаи онҳо, толеъи тифле, ки дар Наврӯз ба дунё меомадааст, монанди Наврӯз сабзу хуррам ва равшану пирӯз мешудааст.
Дар қисмати “Андар зодани Кайхусрав” чунин омадааст:
Шаби тирагун, моҳ пинҳон шуда,
Ба хоб-андарун мурғу дому дада.
Чунон дид солор Пирон ба хоб,
Ки шамъе барафрӯхта з-офтоб,
Сиёвахш бар тахту теғе ба даст,
Ба овоз гуфтӣ, нашояд нишаст.
Аз ин хоби нӯшин сар озод кун,
Зи фарҷоми гетӣ яке ёд кун.
Ки рӯзи навоину ҷашни нав аст,
Шаби зодани шоҳ Кайхусрав аст.
Дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” дар бораи Кайхусрав чунин омадааст: “Чунонки зӯру нерӯву дӯсткомӣ ва зебоию шукуҳ ва ҷалолу пирӯзие, ки ба ёрии фарр насиби Кайхусрав шуда буд, ҳамаро ба ҳайрат меафканд. Бинобар мундариҷоти “Авасто» ва мутуни паҳлавӣ ӯ дар шумори ҷовидононест, ки дар Гангдиж ба сар мебаранд. Дар “Авасто” Кайхусрав ҳама ҷо бо ду сифат “шуҷоъ” ва “пайванддиҳандаи кишварҳо” хонда шудааст”.
Аз “Шоҳнома” маълум мегардад, ки марги Кайхусрав низ барои ҳама афсона мемонад. Дар айёми пирӣ шабе Кайхусрав Сурушро хоб мебинад, ки ба ӯ хабари сафари минавиро медиҳад. Ва хоҳиш мекунад, ки тоҷу тахтро ба Лӯҳросп бибахшад. Аз ин пас Кайхусрав подшоҳиро ба Луҳросп супурда, ҳафтае машғули ибодат мешавад, ҳамаро панд дода, худ ба кӯҳ рафта, дар барф нопадид мешавад. Дар “Шоҳнома” қиссаи мазкур чунин омадааст:
Ба Лӯҳросп фармуд, то бозгашт,
Бад-ӯ гуфт: «Рӯзи ман андаргузашт.
Ту шав, тахти шоҳӣ ба оин бидор,
Ба гетӣ ҷуз аз тухми некӣ макор.
Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” дар бораи Кайхусрав чунин овардааст: “Кайхусрав бар хилофи бисёре аз подшоҳони бадном ва дижхӯй на танҳо подшоҳи комил, балки инсони комил низ ҳаст. Ӯ чун Ҷамшед дорои Ҷоми Ҷаҳоннамост, ки бо чашмҳои ҳамабини хуршед ва бо биниши роздони Худо айни биноӣ ва дилогоҳист, бо диле, ки оинаи гетинамост”.
Чунон ки дар фавқ зикр кардем, Наврӯзро ба муносибати бар тахт нишастани шоҳ Ҷамшед бунёд гузоштаанд ва номи Ҷамшед низ дар аввал Ҷам буда. Чун дар рӯзи баҳор аз нурҳои хуршед тахти заррини ӯ равшанӣ медиҳад ва дар осмон ду хуршед пайдо мешавад, мардум ӯро Ҷамшед ном мегузоранд. Аз ин ба баъд дар Наврӯз ба тахт нишастани шоҳ фоли нек ҳисобида мешуд, ки ин анъана аз даврони шоҳ Ҷамшед боқӣ мондааст.
Перомуни ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед чунин омадааст:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Тибқи “Шоҳнома” Кайхусрав низ дар Наврӯз бар тахт нишастааст. Дар қисмати “Рафтани Кайхусрав ба дижи Баҳман ва гирифтан онро” чунин омадааст:
Зи беҷода тоҷеву тавқе зи зар,
Ба зар-андарун чанд гуна гуҳар.
Ҳаме гуфт, к-имрӯз рӯзи нав аст,
Нишасти ҷаҳонҷӯй Кайхусрав аст.
Хусрави Парвиз, ки дар “Шоҳнома” ҳамчун шоҳи додгустар зикр ёфтааст, ҳар сари сол, дар баҳор бар тахт нишаста Наврӯзро ҷашн мегирифтааст. Аммо дар “Шоҳнома” дақиқан маълум нест, ки ӯ маҳз дар Наврӯз бар тахт нишастааст ё не. Ҳамин қадар маълум аст, ки дар оғози ба тахт нишастан худ мардумро ба ростиву росткорӣ, наозурдани мардуми порсо ҳидоят мекунад.
Ба Наврӯз чун барнишастӣ ба тахт,
Ба наздики ӯ мӯбаде некбахт.
Дигар аз оинҳои наврӯзӣ ин буд, ки дар вақти пирӯзӣ ҳамдигарро бо Наврӯз табрик мекарданд. Гоҳе нафари пирӯзшударо мегуфтанд, ки ӯ аз Наврӯз баҳра бурдааст. Ҳатто ҷанговаронро бар он ташвиқ мекардаанд, ки агар дар ҷанг мағлуб шаванд, пас дигар аз Наврӯз бебаҳра мемондаанд.
Гар эдун, ки гӯед пирӯз нест,
Аз он пас варо низ наврӯз нест.
Замоне, ки Ҳурмузд хабари пирӯзии Баҳромро бар Совашоҳ мешунавад, фармон медиҳад, то сад ҳазор дирҳаме, ки аз падар ёдгор монда буд, ба се ҳисса ҷудо карданд ва як ҳиссаи онро ба дарвешону парастандагон, ҳиссаи дуввумро барои баргузории ҷашнҳои Наврӯз ва Сада барои оташкадаҳо ҷудо карданд. Ҳиссаи саввумро бошад, барои обод намудани работе, ки дар биёбон буд, ҷудо намуданд, то дармондагон онҷо амну роҳат ёбанд. Инчунин хироҷи чаҳорсоларо бахшид.
Баровард ганҷе, дирам сад ҳазор,
Зи ганҷе, ки буд аз падар ёдгор.
Сеяк он дирамро ба дарвеш дод,
Парастандагонро дирам беш дод.
Ва дигар сеяк пеши оташкада,
Ҳамон меҳри Наврӯзу ҷашни Сада.
Фиристод то ҳирбадро диҳанд,
Ки дар пеши оташкада барниҳанд.
Севум баҳра ҷое, ки вайрон бувад,
Работе, ки андар биёбон бувад,
Кунад яксар обод, ҷӯяндамард,
Набошад ба роҳ- андарун биму дард.
Бубахшид пас чорсола хироҷ
Ба дарвешу онро, ки буд тахту тоҷ.
Ҷойи дигар чунин омадааст:
Або фарру бо барру фирӯз бод,
Ҳама рӯзгорон-ш Наврӯз бод.
Агар нафареро таҳнияту муборакбодӣ кардан мехостаанд, мегуфтаанд, ки ҳамасола монанди Наврӯз хурраму шод бимонад. Шоҳ Кайхусрав Фарибурзро чунин таҳният мехонад:
Бар ӯ офарин кард шоҳи ҷаҳон,
Ки бодат бузургиву фарри меҳон!
Ба ҳар кор бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту наврӯз бод!
Ҷойи дигар чунин омадааст:
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод.
Тибқи “Шоҳнома” ҳар нафаре, ки дарвешу бенаво будааст, чунин мегуфтаанд, ки ӯ аз Наврӯз бебаҳра мондааст:
Ҳар он кас, ки дарвеш будӣ ба шаҳр,
Ки ӯро набудӣ зи Наврӯз баҳр.
Ба воситаи Наврӯз ҳамчунин қаҳрамонҳои “Шоҳнома” ба ҳамдигар дуо медиҳанд. Инчунин ниёиш низ мекунанд. Агар нафаре дар ҳабс мебуд, ӯро ба хотири ҷашни Наврӯз чанд рӯзе озод мекардаанд.
Таҳлилу баррасиҳое, ки перомуни оинҳои наврӯзӣ ва ҷойгоҳу мақоми он дар “Шоҳнома” анҷом ёфтаанд, нишон медиҳанд, ки Наврӯз дар ин асари безавол ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб будааст ва дар баробари ин, аз оинҳои неки наврӯзӣ, шукӯҳу шаҳомати ҷашнгирии он, бузургӣ ва муқаддас доштани он дар аҳди бостон аз замони шоҳ Ҷамшед то замони Яздигурд ишора ёфтааст. Зимни баррасиҳо маълум гардид, ки Наврӯз дар аҳди бостон миёни ориёиҳо ҷойгоҳи хосса дошта, ориёиҳо ҳар расму оин ва ҳодисотеро, ки бо Наврӯз рабт дошта, ё дар Наврӯз ба вуқуъ меомадааст, фоли нек медонистаанд. Мувофиқи “Шоҳнома” дар давраи бостон анъанае роиҷ будааст, ки дар Наврӯз шоҳон ба дарвешону бенавоён туҳфаҳо медодаанд. Чун дар Наврӯз шабу рӯз баробар мешудааст, ҳама бар он бовар доштаанд, ки бояд дар Наврӯз миёни заминдорону бенавоён фарқият ва ҷудоӣ гузошта нашавад. Аз ин рӯ, Наврӯзро бо ваҳдату якдилӣ якҷоя ҷашн мегирифтаанд.


Шоҳбегим МАЛИКШОЗОДА,
сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академия, н.и.ф., дотсент

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram