РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд мулоқот кард

14 марти соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар дорданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рафти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ байн намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди барномаҳои дуҷониба дар рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамкориро давом диҳанд.

Дар мулоқот масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармояи Ташкилот ба рушди инфрасохторӣ сайёҳӣ ваташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муқокима қарор гирифтанд.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон ба хуби пазируфта шуда, дар ин самт масъулини ҷонибҳо корҳои муайянро анҷом хоҳанд дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ омодаанд чунин вохӯриҳо баргузор намуда, масъалаҳои ҳалталаб ва муҳимро баррасӣ намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram