РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд

Барои як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои  Колумбия, Ватикан, Сиерра-Леоне ва  Ангола бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон сайри осорхонавӣ ташкил шуд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Сафирони давлатҳои хориҷӣ зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи т оҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.

Сафирон аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навиштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram