19 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 барпо гардид, ки дар он 750 субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, зарфиятҳои сайёҳии худро пешкаши ҷаҳонгардон намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистонро дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил намуд, ки дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолона ширкат варзида, хизматрасониҳои сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, маҳсулотҳои сайёҳӣ, дастовезҳои ҳунармандӣ ва дар маҷмӯъ захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро манзури алоқамандони сайру саёҳат намуданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар назди гӯшаи сайёҳии кишвар базми сурнаю карнайи тоҷикӣ доир гардида, таҳти навои дилнишини мусиқии миллӣ гулдухтарони ансамбли рақсии «Санам» ҳунари волои рақси миллии тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Намоишгоҳ байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии MITT-2024 дар маҷмааи Крокус Экспои шаҳри Москва аз 19 то 21 март доир гардида, дар рӯзи дуюми чорабинӣ дар толори алоҳида имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба таври васеъ манзури иштирокчиёни минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия гардонида мешавад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони рус ва дигар ҷаҳонгардони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷозибаҳои сайёҳии бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.