РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ПАЙДОИШИ НАВРӮЗ БАР АСОСИ ДОСТОНУ РИВОЯТҲО

Наврӯз ҷашни миллии мардумони орёитабор, ҷашни растохези табиат ва нав шудани зиндагӣ аст. Тибқи маълумоти астрономӣ Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар як сония мегузарад ва Наврӯзу баробаршавии шабу рӯз фаро мерасад.

Наврӯз аз ҷашнҳои арзишманду муътабари ақвоми ориёӣ маҳсуб меёбад, бино бар ин барои азизу гиромӣ доштани он рӯйдодҳои таърихӣ ва воқеаҳои шигифтангезро ориёитаборон ба ин ҷашн нисбат медоданд ва ҳатто ҳаводис ва рӯзгори мардуми ғайриэронӣ низ бо он гиреҳ хӯрдаанд, ки гувоҳи шаъну эътибори ин ҷашн дар густураи таърихӣ ва ҷуғрофии паҳнотаре аст. Ин достону ривоятҳо шакли устураӣ гирифта, дар китобҳо боқӣ мондаанд. Ба қавли адабиётшинос Худоӣ Шарифзода “ин ривоёт дар домани андеша ва ормонҳои мардумӣ дар қолабҳои бозгӯи хоҳишҳо парвариш ёфта, асоси достонсароӣ ва ҳамосаи адабиётро ба вуҷуд овардаанд. Ривоятҳои қадим дар адабиёти зардуштӣ ва баъдан кутуби таърихию адабӣ дар бораи фаъолияти мардумон ба вуҷуд меомаданд” (Шарифзода Х. “Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”).

Дар бораи ҷашни аҷдодии Наврӯз ва аз ҷузъиёти анҷоми ойинҳои наврӯзӣ дар даврони бостон, хоса замони ҳахоманишӣ ва ашконӣ огоҳиҳои чандоне дар даст надорем. Танҳо тасвирҳои ҳакшудаи Тахти Ҷамшед, ки дар он намояндагони миллатҳои гуногун дар интизори расонидани ҳадоё ба ҳузури шоҳаншоҳ ҳастанд, гувоҳи таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар даврони бостонанд.

Дар таърихномаҳо аз ду Наврӯз ёд шудааст: Наврӯзи хурд ва Наврӯзи бузург. Муҳаққиқон Наврӯзи бузургро, ки дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин – дар хурдодрӯз ба муносибати рӯзи таваллуди Зардушт ҷашн гирифта мешуд, қайд кардаанд. Аммо ба ривоятҳои дигаре, азбаски шоҳ бо табақоти гуногуни мардум аз оғози баҳор дидор мекард, рӯзи шашум идро дар ҳалқаи хосон баргузор мекард, ки ҳанӯз ҳам асаре дар миёни зардуштиён аз ин рӯз бар ҷой мондааст. Назари дигаре низ ҳаст, ки дар дар даврони бостон моҳ ба шаш панҷрӯза бахш мешуд ва хурдодрӯз рӯзи аввали панҷаи дувуми Фарвардин буд, ки Наврӯзи бузург ҷашн гирифта мешуд ва дар миёни суғдиён низ дар ҳамин рӯз бо номи Навсард ид баргузор мешуд (Разӣ Ҳ. Наврӯз: савобиқи таърихӣ то имрӯз,1980).

Аз қадимтарин сарчашмаҳо дар бораи ҷашну ойинҳои Наврӯз дар гоҳшумории форсии миёна ва суғдӣ (навсард) дармеёбем, аммо дар осори муаррихони асрҳои IХ –ХII матлаби қобили таваҷҷуҳ аз замони Сосониён боқӣ мондааст. Номи Наврӯз дар ёдгориҳои эронии бостон зикр нашудааст, аммо дар даврони миёнаи забонҳои эронӣ (шуруъ аз асрҳои 4-2 п.м.) аз рӯзҳои изофаи охири сол бо номи рӯзҳои “гардон” ва “шумурдашаванда” ёд шудааст, ки бо Наврӯз ба поён мерасад.

Бино бар пажуҳишҳои илмии муҳаққиқон “гоҳшуморӣ бар мабнои моҳ дар Эрон дар ҳудуди панҷ қарн пеш аз мелод бо гоҳшумории хуршедӣ, ки раҳоварде аз Миср ба дунболи кишваргушоиҳои Эрон буд, даромехт ва навъе гоҳшумории бостонӣ бар мабнои боварҳои динӣ низ бар он таъсир гузошт ва пояи гоҳшумории Эрон бо сесаду шаст рӯз, муташаккил аз дувоздаҳ моҳи сирӯза, ба иловаи панҷ рӯзи кабиса гашт” (Омӯзгор Ж. Забон, фарҳанг, устура,1387.-230с).

Пажуҳишҳои расадхонаи хуршедии Нақши Рустам дар Эрон ва катибаҳои Ҳахоманишӣ нишон доданд, ки ахтаршиносон огоҳиҳое аз гардиши хуршед доштанд ва номи моҳҳои хуршедии даврони Ҳахоманиширо дар даст дорем, ба монанди bāgayādi (меҳр, 23.09-23.10), varkazana (обон, 23.10-21.11), athiāguya (озар, 21.11 -22.12)…. Оғози соли нав дар рӯзи меҳри моҳи меҳр ва дар рӯзи ҷашни Меҳргон будааст ва Наврӯз дар рӯзи якуми фарвардин таҷлил мешудааст (Ғиёсободӣ Р. Расадахонаи хуршедии нақши Рустам, 1378).

Дар Авесто ва дар осори форсии миёна ду фасли сол – зимистону тобистон ишора шудааст, ки илова бар ин тақсимбандии шашфаслӣ ҳам вуҷуд дошт. “Солгардҳои ин офариниш, ки маъмулан ба сурати ҷашнҳои панҷрӯза аст, дар ойини Эрони бостон – гоҳнбор (гоҳонбор) ном дорад” ва як фасл иборат аз 45 рӯз буда, бо сипарӣ шудани он ҷашни солгарди он фасл баргузор мешавад (Омӯзгор Ж. Забон, фарҳанг, устура,1387-247с). Дар ривоятҳои маздояснӣ шаш “гоҳ” аст, ки Аҳурамаздо ҷаҳонро дар онҳо офарид. Ҳар яке аз ин гоҳҳо номе дорад, ки дар банди 86 Фарвардиняшт ба таври зайл омадаанд: 1) гоҳи офариниши осмон, ки дар нахустин гоҳонбор рӯзҳои 11-15 урдибиҳишт (1-5 май) ҷашне бо номи “миёнаи баҳор аст” аст; 2) ҷашни гоҳи офариниши об 26-30 шаҳривар (17-21 сентябр) буда, номи “нимаи тобистон”-ро дорад; 3) гоҳи офариниши замин; 4) гоҳи офариниши гиёҳон; 5) гоҳи офариниши ҷонварон; 6) гоҳи офариниши мардум (Авасто,2014.- 369с.). Гоҳи охирин, ки маънии “бо ҳам будан ва бо ҳам гирд омадан”-ро дорад, панҷ рӯзи поёни соли 12 моҳа, ки ҳар моҳе 30 рӯз аст, 5 рӯзи кабисаро дар бар мегирад. Пас ҷашни Наврӯз солгарде аст, аз офариниши инсон, азизтарин мавҷуди офариниш барои офаридгори бузург ва ба ҳамин муносибат солгарди он бо шукуҳи бештаре баргузор мегузарад (Омӯзгор Ж. Забон, фарҳанг, устура, 1387.-249с).

Дар гоҳшумории зардуштиён номи моҳҳо ба номи эзадони зардуштӣ буда, дар катибаҳои боқимонда аз Ҳахоманишиён низ нишонаҳое аз тақвими Эрони бостон мушоҳида мешавад. Донишманди муътабар Раҳом Аша низ ба ин нукта ишора мекунад: “Ҳар рӯзи моҳ ба номи эзади он моҳ ситоянд ва агар номи рӯз бо номи моҳ яке гардад, ҷашн гиранд, монанди баҳмангон” (Озарбоди Маҳроспанд,1381.- 269с.). Ин ситоишҳо дар матни авестоии “сирӯза” ҷой доранд. Аз сарчашмаҳои муътамад ва гаронарзиш дар бораи сирӯзаи моҳи порсиён, ки Берунӣ аз онҳо ёд мекунад, осори пешазисломӣ – форсии миёна андарзномаи Озарбод ба писараш маъруф ба “Рӯзномаи Озарбод”, “Рӯзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин”, “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” ва “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург”-ро дар даст дорем. Дар ин сирӯзаҳо муғон корҳоеро фармоянд, ки мувофиқ бо назму хешкории ҳар эзади гуморида бошад, ки нишонаҳои бархе аз онҳоро дар ойинҳои ниёгонии Наврӯзу Меҳргону Сада метавон ҷӯё шуд. Дар ин бора муҳаққиқи забонҳои бостон Фаридун Ҷунайдӣ мегӯяд: “Эрониёни бостон бар бунёди номи рӯзҳо корҳои вижаи ҳаррӯзаро бад-он рӯз меафканданд” (7, 190).

Наврӯз рӯзи якуми Фарвардин фаро мерасад. Фарвардин дар паҳлавӣ fravartīn ва эронии бостон fra-varti-nām муштақ аз fravarti – “фраваҳар” рӯзи нуздаҳуми моҳ аст ва яке аз шаш ҷашни сол буда, охирин гоҳонбор (ҷашн) аст, ки онро “Наврӯзи наҳрҳо” гӯянд ва дар обҳои ҷорӣ атру гулоб мерезанд” (Берунӣ. Осор-ул-боқия, 1990). Ин ҷашн ба фраваҳарҳо дахл дорад ва “рӯзи савганд махӯр ва рӯзи язиши фраваҳари аҳлавон кун, то хушнудтар бигарданд” (متون پهلوی. ترجمه و آوانوشت سعید عریان، ۱۳۷۱.-۵۷۳ص ). Ривоятҳое низ ҷой доранд, ки бо об ва Наврӯз гиреҳ мехӯранд. Ба ривояте пас аз хушксолие бо омадани Ҷамшед бар сари тахт дар ин рӯз борон борид ва дар ин рӯз мардум ба рӯйи ҳам об пошиданд. Ба ривояте дигар, Ҷам ба мардум фармуд, то бо об худро шӯянд ва аз гуноҳон пок шаванд. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст, Нӯширвон ба кордорони худ фармуда буд, ки агар хушксолӣ ояд, аз мардум бож наситонед, то борон борад:

Ҳамон гар наборад ба Наврӯз нам,

Зи хушкӣ шавад дашти хуррам дижам.

Махоҳед бож андар он буму руст,

Ки абри баҳорон ба борон нашуст.

Суннати ба рӯйи якдигар об пошидан дар Наврӯз то имрӯз побарҷост. Берунӣ низ аз ин суннат ёд мекунад, аммо онро ба султон Сулаймон нисбат медиҳад: “Пас Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бигардонад. Парастуе дар пеш буд, чун ба лонаи худ наздик шуд, Сулаймонро даъват кард. Бо минқор ба вай об пошид ва рони малахе ҳадя кард. Аз ин ҷост, ки мардум рӯзи ид ба ҳам об мепошанд ва пешкашиҳо медиҳанд”(Берунӣ. Осор-ул-боқия).

Дар ривояти дигаре аз Ёқути Ҳамавӣ ба нақл аз мубади бузург, ки дар Батиҳа аз бемории вабо касе зинда намонд ва дар рӯзи нахустин фарвардин борон борид ва ҳама зинда шуда, ба хонаҳои худ баргаштанд ва шаҳриёр он рӯзро “Наврӯз” номид ва он рӯзро мубораку гиромӣ доштанд (Муъҷам-ул-булдон).

Далели дигаре аз қидмати Наврӯз баргузории ойини “рапитвин” ба маънои нимрӯз ва сарвару нигаҳбони гармои нимрӯзу тобистон аст аст, ки устураест дар бораи деви зимистон, ки ҳар гоҳе ки ба ҷаҳон ҳуҷум мекунад, рапитвин дар зери замин обҳоро гарм нигаҳ медорад, то рустаниҳо аз сармо намиранд. Рапитвин бахше аз ҷашни Наврӯзро ташкил медиҳад, ки бо омаданаш бар деви сармо пирӯз мешавад ва шодӣ ба замин бозмегардад (Фарҳанги вожаҳои авесто, 1369).

Ривояти дигаре ҳаст, ки гӯё 12 нафар аз наздикони Аҳриман қасди шикастани 12 сутунеро доранд, ки ҷаҳон болои онҳо қарор дорад, аммо муваффақ намешаванд ва некӣ бар бадӣ дар оғози соли нав пирӯз мешавад.

Ҷашни Наврӯз бо фраваҳар (дар Авесто фравашӣ) — намоде аз подшоҳии Эрон пайванд мехурад, ки дар кеши зардуштӣ заррае аз ҳастӣ ё вуҷуди парвардигор ё Аҳурамаздо аст, ки пас аз фавти мавҷудот осмонӣ мешавад. Тибқи ривоятҳо дар моҳи фарвардин (моҳи фраварҳо) ҳар як фраваҳар ба хонаи худ ба замин бозгашта, аз тозагиву покизагии хонадони худ хурсанд шуда, 10-19 рӯз дар хонаи хеш монда, барои баракат ва шодкомии хонавода дуъо мекунад. Аз ин рӯ соҳибони хонадон рӯзи Наврӯз хонаву дарро тозаву озода ва равшан нигаҳ дошта, дар хона мемонанд, зеро фраварҳо хонаи фарзандони худро торику ифлос бинанд ғамгин мешаванд ва баракатро аз хонадони онҳо мебарад ва дар остонаи Наврӯз ва шаби он Наврӯз бар бомҳо оташ меафрӯхтанд. Чунон ки мебинем, имрӯз низ русуми хонатаконӣ ва оташафрӯзӣ дар остонаи Наврӯз боқӣ мондааст. Ва дар дар рӯзи Фарвардин гуфтаанд, савганд махӯр ва фраваҳарҳоро ситоишу ниёиш бикун, то хушнуд гарданд (Аша Р. Озарбоди Маҳраспандон,1381).

Аз чандин ривоятҳое огоҳӣ дорем, ки пайдоиши ҷашни Наврӯз ва рӯзи навро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд: Ҷам гӯё динро нав карду бар Аҳриман ва пайравонаш пирӯз шуд ва аз сабаби ин пирӯзӣ хуршед дурахшон шуд ва мардум мегуфтанд “Рӯзи нав”, “Наврӯз”; Ҷам тахте пур аз гавҳар сохт, девон онро бар осмон барафрохтанд ва Ҷам чун хуршед дурахшид… ва амсоли ин.

Ҳамосасарои машҳури адабиёти форсу тоҷик Фирдавсӣ аз Наврӯз 33 бор, инчунин бо мафҳумҳое чун “сари соли нав” ва “фарвардинмоҳ” ёд мекунад ва Наврӯзро аз назари ҳакимона ва хирадгароёнаи худ таърифу тавсиф намуда, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоиро бо суннатҳои аҷдодӣ пайванд додааст. Фирдавсӣ тибқи ривоёти мардумӣ пайдоиши аввалин ҷомеаи башар – замони ба тахт нишастани нахустин подшоҳони пешдодӣ Каюмарсу Ҷамшедро бо суннату андешаҳои мардумӣ, бо рӯзи аввали сари сол – Наврӯз пайванд медиҳад.

Чунин гуфт к-оини тахту кулоҳ,

Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ.

Чу омад ба бурҷи ҳамал офтоб

Ҷаҳон гашт бо фарру ойину об.

Ва рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшедро “Сари соли нав – Ҳурмузи фарвадин”-и нав хонданд:

Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд. (Шоҳнома 1, 44)

Дар “Наврӯзнома” бунёнгузори солшумории шамсӣ Каюмарс буда, бозгаштани фарвардин ба мабдаи асосиашро шоҳ Ҷамшед муайян карда, онро Наврӯз хондааст (Хайём. Наврӯзнома, 2012.29).

Инчунин аз деворнигораҳои Тахти Ҷамшед – пойтахти императории Ҳахоманишиён, воқеъ дар шаҳри Марвдашти Эрон аён аст, ки дар нахустин рӯзи соли нав мардумон аз кишварҳои зертобеи худ бо пешкаши ҳадоёи гуногун ба шоҳ дар он ҷо анҷуман меоростанд. Аз манобеи дигаре — қадимтарин гузориш дар бораи Наврӯз дар асари “Китоб-ут-тоҷ” дармеёбем, ки дар ин рӯз ҳадоёе (дашниҳо) ба шоҳ пешкаш мешудааст, ки бозтобе аз маросими ин рӯз дар даврони Сосониён ва аз он пештар будааст (Ал-Ҷоҳиз, Китоб-ут-тоҷ).

Бояд гуфт, ки вуруди ин ойинҳо ба ҷомеаи мухталифақвоми хилофат аз арзиши байналмилалии ин ҷашнҳо дар замонҳои бостон гувоҳӣ медиҳад. Гузашта аз ин, дар ривоятҳое пайдоиши Наврӯзро бо Ислом даромехтаанд. Чунончи, Наврӯзро ба рӯзи пайдо кардани ангуштари гумшудаи ҳазрати Сулаймон, ки барояш қудрату тавоноии фармонравоиро мебахшид, нисбат медиҳанд ва Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ин қиссаро меорад: “Чун Сулаймон ибни Довуд ангуштари хешро гум кард, шаҳриёрӣ чиҳил рӯз аз вай бирафт, аммо пас аз чиҳил рӯз ангуштарӣ пайдо шуд ва салтанат бад-ӯ баргашт. Ҳар кас чизе гуфт, эрониён гуфтанд, “Наврӯз омад”, яъне рӯзе тоза биёмад”….

Ба нақл аз Озарбод – мубади Бағдод, дар ин рӯз найшакар аз ҷониби шоҳ Ҷамшед ёфт шуд ва он рӯзро “Наврӯз” номид (Берунӣ. Осор-ул-боқия).

Ривояте дигаре низ ҳаст, ки гӯё дар замони шоҳ Ҷамшед хушксоливу қаҳтии сахт ба миён омад ва шоҳ ба ҷойгоҳи Аҳриман рафт ва пас аз муддате хайру баракт ба мардум дубора баргашт ва дар як рӯз хуршед ду бор тулуъ кард ва сабза дамид ва он рӯзро гуфтанд рӯзи нав ва мардумон дар назди хонаҳои худ ҳафт навъ ғаллаҷотро мекориданд ва аз сабзидани он ҳосили ҳамонсоларо мефаҳмиданд (Разӣ Ҳ. Наврӯз: савобиқи таърихӣ то имрӯз,1980).

Наврӯз дар аҳди бостону миёна иди сайёр буд ва ҳатто дар замони Сосониён Наврӯз дар тобистон қарор дошт. Дар замони салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ пас аз таҳқиқи тақвим ва мушаххас кардани рӯзҳои кабиса шуруъ аз соли 467 ҳиҷрӣ (1089 мелодӣ) бо фармони шоҳ Наврӯз дар рӯзи нахустини бурҷи ҳамал – якуми фарвардин муқаррар шуд.

Бо вуҷуди он ки замони хилофати арабҳо ҷашну анъанаҳои миллии ориёитаборонро “куфр ва маҷусигарӣ” меномиданд, аммо мардум аз ҷашн гирифтани онҳо даст накашиданд ва суханони ҷуғрофидони араб Ибни Ҳавқал (943-988) гувоҳи ҳоланд: “Карина бозоре дорад, ки мардум монанди он ки дар ҳаҷ гирд меоянд, дар он барои майгусорӣ ва ромишгарӣ ва навозандагӣ дар ҳангоми Наврӯз, то ҳафт рӯз гирд меоянд. Ҳар гуна хушӣ мекунанд ва ороишҳои шигифтиовар нишон медиҳанд. Касоне ки он ҷо меоянд, дар омода кардани хӯрокҳо ва нӯшокҳо ва фароҳам сохтани онҳо чи аз мардуми шаҳр ва чи аз касоне ки аз дур ҷоҳо ба он ҷо меоянд, харҷи бисёр кунанд ва зевари бисёр беҳ бибанданд ва ҷомаҳои неку пӯшанд ва базмҳои ромишгарӣ ва бозигарӣ барпо доранд ва дар ин хушгузарониҳо ва базмҳо чашме намоянд ва дар фароҳам сохтани навозандагони зану мард. Мардум дар канори рӯдхона ва бар боми кохҳо оянд ва низ бозорҳоро пур мекунанд аз хӯрокҳо ва нӯшокҳо ва колоҳо. Шабро дар ин кор ба рӯз пайваста доранд, касе мутаарризи эшон нашавад ва шоҳони эшон ин корҳоро барои эшон озод гузоридаанд аз бостон замон ва ҳарчӣ соату рӯзу сол гузашта, касе ба эшон тааррузе накарда ва эшонро аз он корҳо боз надошта. Мегӯянд харҷи эшон дар ин бозор ҳангоми даромадани хуршед ба бурҷи барра ба садҳо ҳазор дирҳам мерасад ва меваҳои некуи хушмазза ва хӯрокҳои гаронбаҳо ва нӯшокҳои гуворо чандон фаровон ва арзон аст, ки гӯйӣ ройгон аст” (Ибни Ҳавқал. Сурат-ул-арз,2008).

Дар аксари ривоятҳо ҷашни Наврӯзу Меҳргонро ба шоҳони Эрони бостон нисбат додаанд. Муҳимтарин ангезаи таваҷҷуҳу алоқаи мардум ба Наврӯз оғози баҳору растохези табиату расидани соли наву гармиву нуру зиё аст. Ривоятҳову тақвиму ойину ҷашну маросимҳо далели муътамад бар онанд, ки ҷашни Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва фаромӯш насозем, ки он қидмати чандҳазорсола дорад ва дар тули таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши оламу одам, рӯзгор ва гардиши сипеҳру замин ва бедоршавии табиату пирӯзии некиву рушаноиву гармиро бар бадиву торикиву сардӣ дар ҳофизаи таърих нигоҳ дошта, то замони мо расида, имрӯз ҷаҳонӣ шудааст. Аз ин рӯ, таҷлили бошукуҳу шоистаи он шуруъ аз хонаву маҳалла то сатҳи ноҳияву вилояту кишвар далели арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни бостонии мо – тоҷикон мебошад.

Фарангис Шарифзода директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илми филология

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram