РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати маориф ва илм ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд

19 марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст вазири маориф ва илм кулли кормандони соҳаи маорифро ба ин ҷашни фархундапай табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ саъю талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва бо талошҳои пайвастаи Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳон пазируфта шуд.

Гуфта шуд, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад ва дар он ҳамаи зебогиҳои олам таҷассум меёбад. Наврӯзи оламафрӯз ба диёри мо тоҷикон рӯзи наву пайки шодбошии нав ҳадя меорад. Наврӯз оғози ҳосили пурмаҳсули марди деҳқон ва хушрӯзию хушбахтии мардуми сарзамини биҳиштосои мост.

Сипас, бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби вазири маориф ва илм ба як қатор кормандони вазорат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Ифтихорнома” тақдим гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳунармандони хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram