27 марти соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Абдужалолович Ваҳобов тариқи маҷозӣ доир гардид. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таҳлилӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Нахуст, директор Усмонзода Хайридин ҳамтои худро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи директори институти мазкур табрику муборакбод намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ таҳти роҳбарии ӯ ҳамкориҳои илмию тадқиқотии ҳар ду муассиса густариши тоза пайдо хоҳанд намуд.
Дар мавриди худ, Жавлон Абдужалолович Ваҳобов аз равобити наздик ва пурмаҳсули ҷонибҳо дар зарфи солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвияти минбаъдаи равобити муштараки таҳлилию коршиносиро ба суди ҳар ду кишвар арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақша дорад бо ҳайати васеи мутахассисон ва мусъулини ниҳодҳои ӯзбекистонӣ як сафари корӣ ба Тоҷикистон анҷом намуда, вазъ ва дурнамои равобити ду кишварро бо доираи васеи коршиносон ва мутахассисони Тоҷикистон баррасӣ намояд.
Директор Усмонзода Хайридин аз ин тасмим ва барномаи сафари ҳамтои худ ба Тоҷикистон истиқбол намуда, иқдоми мазкурро дар баррасии васеи масоили муштараки ҳамкорӣ ва густариши равобити ҳасанаи ҳар ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо ҳамзамон роҷеъ ба баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ» дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёв ба мувофиқа расиданд.