РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок кард

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии канорӣ, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон аҳаммияти ҳамкории муштарак, бахусус иҷрои уҳдадориҳои дастҷамъонаро, ки ба раванди татбиқи Рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувори соли 2030, Созишномаи Париж ва дигар абзори марбутаи глобалӣ равона гардидаанд, таъкид намуд.

Ҷонибек Ҳикмат оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои Ҳукумат ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои хурду бузурги коркарди партовҳо, коҳиш додани партовҳои пластикӣ, заминҳои танназулёфта, инчунин мушкилиҳои мавҷудаи мамлакат  дар ин самтҳо маълумот дод.

Дар фарҷоми суханронӣ Ҷонибек Ҳикмат бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар таъмини ҷомеаи устувор, тобовар ва фарогир изҳор намуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Намояндагии доимии Туркия, Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) ва Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба минтақаҳои аҳолинишин (UN-Habitat) ташкил шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram