Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Зимнан ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое маҳсуб меёбад, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати хешро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Бад-ин тариқ ҳамкориҳову равобити густурдае миёни кишварҳои мо дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз гардида, риштаҳои пайванду ҳамкориҳои муштарак миёни Донишгоҳи миллӣ ва бисёре аз муассисаҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон вусъату доманаи бештаре пайдо намуд ва имрӯз умедвори ояндаи неки онро дорем.
Гуфта шуд, ки ташрифи сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмию таълимии Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон мусоидат намуда, дар рушду такомули ҳама самтҳо пешравиҳои тоза рӯи кор меоянд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён зимни суханронии хеш иброз намуд, ки “ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин саҳфаҳоти равобити Тоҷикистону Эрон аст, зеро табодули таҷриба миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ- ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.”
Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду кишвар, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Дар хотимаи вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки дурнамои неки муносибатҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкориҳо дар самтҳои илму таълим ва фарҳангу робитаҳо минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.