РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Бохтар маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид

2 апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид. Дар ин бора рӯзномаи «Хатлон» хабар дод.

Нахуст, роҳпаймоии садҳо нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз саҳни бинои Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сурат гирифт.

Мояи сарфарозиву қаноатмандист, ки маросими гусели ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзамин ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои суботу осоиштагӣ, бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ ба таври мутантан таҷлил мегардад.

Дар майдони варзишгоҳ беҳтарин ҷавонон аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷамъ омада буданд, то ки ба дарёфти мақоми фахрии сарбози Ватан шарафёб шуда, дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандию шаҳрвандии худро сарбаландона адо кунанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш ба ҳамаи ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзанд миннатдорӣ баён намуд.

Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан-модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ба ҳазор нафар даъватшавандаҳо туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Барои хушҳолии аскарони оянда ва волидони онҳо, ки ба гусели фарзандон омада буданд, пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram