РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносон дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд

Дар шаҳри Остона дар заминаи Донишгоҳи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносӣ дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора аз Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин хабар доданд.

Зимни чорабинӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории коршиносӣ дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои соли 2024 баррасӣ шуд.

Дар бораи омодагӣ ба фестивали оркестрҳои низомии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Шайпури сулҳ — 2024» маълумот шунида шуд.

Тартиби баргузории чорабиниҳои Нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2024-2025 дар соли 2024 баррасӣ гардид.

Чорабинӣ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва тибқи нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои ин созмон барои солҳои 2024-2025 ташкил гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram