РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад

Пагоҳ, 3 апрел дар «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон аз 3 то 5 апрели соли 2024 бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат баргузор мегардад.

Тибқи барнома, Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо консерти устодони санъати Туркманистон баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни ин рӯзҳо 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram