РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Бохтар фестивали «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон» оғоз ёфт

2 апрел дар китобхонаи ба номи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Бохтар фестивали «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ифтитоҳи фестивал зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон- бедор намудани шавқу рағбат нисбат ба мутолиаи китоб дар замири кӯдакон мебошад.

Фестивал мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, давоми як ҳафта баргузор мешавад.

Имсол дар фестивал адибони маъруф Озар Салим, Усмон Билолӣ ва дигарон иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram