РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони фарҳангу санъати Турманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр ва муовини Вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахад Ширимов суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки намоиши имрӯза дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузорад.

Дар намоиш намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии Турманистон, аз ҷумла, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, созҳои мусиқӣ, зарфҳои муосир, қолинҳои гуногунҳаҷми абрешимӣ, ҷомаҳо, рӯймолҳо, китфпӯшҳо, рӯйҷоҳои мунаққаш, ороишоти занона ва аксҳое, ки инъикосгари таърихи қадим ва муосири Туркманистон мебошанд, пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.

Намоиш дар фазои сулҳу дӯстӣ ба анҷом расида, сипас меҳмонон аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram