РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

РАСМАН: РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН ДАҚИҚ ШУД

4 — уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани Иди Рамазон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

Сипас, Раиси Шурои уламо ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 10-уми апрел рост меояд.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо, намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06 — 30 муайян карда шудааст.

Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram