РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» ҷамъбаст мешаванд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба  «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо иштироки меҳмонони сатҳи баланди дохилу хориҷи мамлакат 18-19 апрел озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» -ро ҷамъбаст  менамояд. Дар ин хусус аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ 18 апрел, соати 08:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад.

Ҳамзамон 19 апрел, соати 18:00 дар Маҷмааи фарҳангии «Аҳорун» (Амфитеатр) даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрел дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар майдони «800- солагии Москва»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram